Дар Душанбе даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» баргузор гардид.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» бо навъҳои гуногуни нонҳо, таомҳои миллӣ, инчунин тарзи омода намудану манфиати онҳо шинос шуданд.

Дар фестивалу озмун кадбонуҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни нонҳои омоданамуда ва таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро ба намоиш гузаштанд.

Шарофиддин Каримов,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE