Тоҷикистон ва Корея густариши ҳамкорӣ байни ду давлатро дар соҳаҳои тиҷорату саноат баррасӣ намуданд

9 август вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори кулли Раёсати муносибатҳои тиҷорати байналмилалии Вазорати тиҷорат, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Чул доир гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро байни ду давлат дар соҳаҳои тиҷорату саноат баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE