Даромади умумии Раëсати Тоҷикматлубот ба 48 миллион сомонӣ расонида шуд
“Шумораи бозорҳои соҳа дар кишвар 63 адад буда,ҷойҳои нишаст дар онҳо 18042 ададро ташкил медиҳад”-изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Хуршед Раҳмонализода муовини раиси Раëсати Иттифоқи Тоҷикматлубот. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар бозор ва дигар иншооти соҳа 23 ҳазор шаҳрванд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Ба маълумоти масъулин дар ин давра даромади умумии Раëсати Тоҷикматлубот ба 48 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли муқоисавӣ 613 ҳазор сомонӣ зиëд аст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе