Дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид
21 август дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ шуд.
Дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардида, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Фирӯз Каримзода,
“Садои Душанбе”