Боришоти борон дар Пекин обхезиро ба миён овард
Боридани боронҳои шадид дар Пекин обхезиро ба миён овард. Муовини раиси шаҳри Пекин Ся Линмао хабар медиҳад, ки қурбониёни обхезӣ дар Пекин ба 33 нафар расидааст. Ба гуфтаи ӯ 18 нафари дигар бедарак шудаанд. Дар маҷмӯъ 1 миллиону 290 ҳазор нафар аз обхезӣ осеб дида, 59 ҳазор хона фурӯ рехтанд.Зарарҳои моддӣ бошад аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ҳисоб карда мешаванд. Бориши борон бештар дар қисмати Шимоли Чин рух додааст, ки ба гуфтаи обу ҳавошиносон миқдори боришот тайи 140 соли охир ба тараҷаи рекордӣ баробар аст.
Сайёҳат Содиқова
Садои Душанбе