Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд
Пагоҳ, саоти 18:00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, аз ҷониби ҳунармандони қазоқ барномаи консертии сатҳи баланд, ки аз суруду рақсҳои ҷолиб иборат аст, пешниҳод мегардад.
Ҳамчунин дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ пешниҳод мешавад, ки дар он ҳунари заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22-23 август ҳайати ҳунарии Қазоқистон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.