Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ тақвият меёбад

Масъалаҳои такмили ихтисоси кадрҳои соҳа, омӯзиши табодули таҷрибаи илмӣ ва мубодилаи корӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 26 август дар шаҳри Боку зимни баргузории ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорию ангурпарварӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, вусъат додани ҳамкорӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва дигар афзалияти соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE