Дар Душанбе оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарор, гурӯҳи корӣ барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд.

Ҳамзамон ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе дар сатҳи ноҳия гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ таъсис медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE