Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр, соати 07:30 ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабр, аз соати 08:00 то 17:00 ва 16 декабр аз соати 06:00 то 07:00 дар ошёнаи якуми бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, утоқи 20 ба қайд гирифта мешаванд.

