Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи обии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз осорхонаи навтаъсис боздид намуданд.

Дар осорхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих ва дастовардҳои соҳаи варзиши гӯштингирӣ то замони истиқлол ва баъди истиқлоли давлатӣ муаррифӣ карда шуд.

Сипас, Президенти кишвар дар толори бошукуҳи маҷмааи варзишӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо Паёми шодбошӣ суханронӣ намуданд.

Дар толор 3000 нафар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзишӣ, меҳмонон ва варзишгарон — намояндагони 63 давлати ҷаҳон ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии соҳаи варзиш, рушди бахшҳои мухталифи он, бахусус гӯштингирӣ ва аҳамияту афзалияти баргузории чунин ҳамоишҳои бошукуҳи варзишӣ андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи меҳмонон, варзишгарон ва дигар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзиширо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Президенти кишвар аз таърихи бою қадимаи намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик — гӯштингирӣ, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, ёдовар шуда, оид ба дастгирии давлатии он андешаронӣ намуданд.

Зимнан аҳамияти гӯштингирӣ дар тарбияи руҳию ҷисмонии инсон, ба хусус наврасону ҷавонон махсус таъкид гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, ба шумули гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бо талошу кӯшишҳои пайваста гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

“Натиҷаи тадбирандешиҳо дар ин самт аст, ки кишвари мо имрӯз мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ин намуди варзиш, аз ҷумла, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад”, — изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар таъкид намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе илова бар ин, ки мизбони ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра мебошад, дар ин шаҳри зебову муосири тоҷикон бузургтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ низ баргузор мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин, дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард”.

Пешвои миллат баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, яъне нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингириро омили муҳимми тақвияти саломатӣ ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо ва пойтахти Тоҷикистони азизи мо — шаҳри Душанберо шаҳри сулҳу дӯстӣ номиданд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон изҳор доштанд, ки баргузории ин чорабинӣ марҳалаи тозаеро дар шинохти варзиши миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд ва ҷаҳониён шаҳри Душанберо ҳамчун мизбони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ беҳтару бештар мешиносанд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ барномаи рангини фарҳангӣ барои меҳмонон ва иштирокдорони нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид.

Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштини варзишгарон аз рӯйи чор вазн барои дарёфти пирӯзӣ дар марҳилаи ниҳоӣ сурат гирифт.

Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмиллалии гӯштингирӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдориҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 август дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардид, ки то 31 август идома меёбад.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд иштироки варзишгарони 63 давлат дар назар дошта шуда, қувваозмоиҳо аз рӯи вазнҳои мардон аз 65 то ҷамъи 95 кг ва миёни бонувон дар вазнҳои аз 52 то ҷамъи 70 кг баргузор мегардад.

Макони баргузории чемпионат Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муайян гардидааст.

31 август маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ доир карда мешавад.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Мавриди зикри хос аст, ки ҷонвари нодири Тоҷикистон – бабри барфӣ рамзи нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ пазируфта шуд.

Ҳадафи баргузории нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе, ки тавассути дастгириву пуштибонии Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани таърих, фарҳанг ва маданияти хоси миллати шарафманди тоҷик ва эҳёву рушди гӯштини миллии тоҷикӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар доираи баргузории нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 29 августи соли 2024 бо иштироки намояндагони 62 кишвари олам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE