Пешвои миллат: «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия карда мешавад
Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор мешаванд, ки «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муддати шаш моҳ дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Чунин супориш доданд имрӯз зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз 3-юми марти соли 2006 «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки дар зарфи 18 соли гузашта вазифаҳои худро асосан иҷро кард.
«Имрӯз бо дарназардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон зарурати ворид намудани тағйирот ба консепсияи мазкур ва мукаммал намудани он ба миён омадааст», — хотирнишон намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Барои иҷрои ин кор, инчунин кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, марказҳои тадқиқоти стратегӣ, исломшиносӣ ва Иттифоқи нависандагон низ вазифадор шуданд.