Дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмон Юнусалӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли 2024 таҳти №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардида, дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ – аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва роҳбарону масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намудаанд. Бо мақсади иҷрои қарори номбурда дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тавсиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва дар чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои барқӣ ва ғайраро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Дар рафти ҷаласа аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокими давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳисоботҳо манзур гардида, ҷараёни ҷаласа Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Точикистон оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як ноҳияҳои шаҳри Душанбе вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сухт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва масъалаҳо вобаста иҷрои нақша чорабиниҳои зикршуда ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазири кишвар ҷиҳати сари вақт ба итмом расонидани пайвастшавии биноҳои маъмуриву истиқоматии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гирифтани меъёри зарурии гармӣ ба Шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе супоришои мушаххас дода шуданд.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вобаста ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас шуданд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE