Дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи таҳқиқоти илмӣ муаррифӣ мегардад
23 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи таҳқиқоти илмӣ муаррифӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯнамоӣ дар мазӯъҳои «Муҳаммад Осимӣ-олим ва ходими давлатӣ», «Адабиёт дар чашмандози илмии Муҳаммад Осимӣ», «Муҳаммад Осимӣ ва берунишиносӣ дар Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва масоили забоншиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ ва ЮНЕСКО», «Муҳаммад Осимӣ-пайвандгари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон», «Муҳаммад Осимӣ ва маорифи Тоҷикистон», «Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик», «Муҳаммад Осимӣ-истилоҳшинос ва қомуснигор», «Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили фолклоршиносӣ» аз ҷониби олимони тоҷик маърӯзаҳо пешниҳод мегарданд.