Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд.

Ҳадаф аз ин дастури Сарвари давлат, забондон шудани насли наврасу ҷавон мебошад, зеро барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин гуфта 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

«Ман барои чӣ доим ба ин забонҳо ишора мекунам? Зеро аз шаш забони қабулнамудаи СММ ин ду забон ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ дониста мешаванд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии шаҳрвандон, бахусус кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байнии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат омӯзгорони забонҳои хориҷиро водор мекунад, ки ба ин масъала эътибори бештар диҳанд. Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш намоянд, ки сатҳу сифати таълими забони русӣ ва англисиро ба дараҷаи баландтар бардоранд.

Дарвоқеъ, бо тақозои замон имрӯз ҳар фарди бедордил бояд барои фарзандон шароит муҳайё созад ва барои омӯзониидани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE