9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд

9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Дар сафорат иттилоъ доданд, ки ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2024, соати 07:15 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:15 (бо вақти Ню-Йорк) фурӯзон хоҳад шуд.

Чорабинии ҷолиб ба муносибати Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:

https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls_str

ва /ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2  

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE