Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд

 Аз 10 то 16 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE