УЗБЕКИСТОН: ДАР БАДАНИ ШАҲРВАНД КОРОНАВИРУСИ НАВЪИ БРИТОНИЁӢ ОШКОР ШУД
Дар Узбекистон бори аввал “навъи бритониёӣ” – и коронавирус сабт шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии он кишвар хабар доданд.
Навъи нави коронавирус дар бадани духтари 10 – солае ошкор шудааст, ки рӯзи 23 январ ҳамроҳи хонаводааш аз Дубай баргашта буд. “Ташхис натиҷаи мусбат нишон дод ва вай ба бемористон интиқол ёфт”, – хабар доданд аз вазорат.
Оилаи ин духтар ба карантини хонагӣ фаро гирифта шудаанд. “Айни замон вазъи бемор муътадил аст ва вай шикояте надорад”,-гуфтанд дар Вазорати тандурустии Узбекистон. Ин вазорат ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз сафар ба кишварҳои дигар худдорӣ кунанд.