Хусусиятҳои шифобахшии Лимӯ ва парвариши он дар Тоҷикистон
Лимуро бо мақсади табобат ба бемориҳои рӯдаву меъда истифода менамоянд. Тибби Шарқ лимуро барои муоличаи захмҳо ва касалиҳои шуш давои хубе меҳисобад. Дар асри XI Абӯали Ибни Сино дар бораи лимӯ мегуяд, ки беҳтарин дору барои бемориҳои дил аст ва ба касалии зардпарвин низ онро тавсия додааст.
Дар ҳоли ҳозир шарбати лимӯ ва равғани лимӯро барои беҳтар кардани таъм ва бӯи доруҳо дар тиб истифода мекунанд. Ҳамзамон истифодаи лимӯ дар фасли зимистон ки барои табобати шамолхӯрӣ хеле мувид аст, табибон онро тависия медиҳанд. Парвариши лимӯ имрӯзҳо дар минтақаҳои гуонгуни Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ки ин метавонад заминаи хубе барои бо нархи арзон дастрас гардидани лимӯ дар тамоми кишвар мусоидат кунад. Ҳамкорамон Фируз Каримзода суратгузориши худро аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун, Восеъ ва шаҳри Ҳисор таҳия намудааст.