Файзобод: Ҳолати имрӯзаи роҳҳо ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди ноҳия
Ноҳияи Файзобод яке аз минтақаҳое ба ҳисоб меравад, ки аз ҳудуди он ҳамарӯза воситаҳои нақлиёт молу маҳсулоти сотхмонӣ, хурокворӣ ва дигар навъи анворо интиқол медиҳанд. Дар ҳудуди ноҳия беш аз 180 км роҳҳои дорои аҳмияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта ва маҳаллӣ ҷойгир гардидааст.
Табиист, ки дар ин айём вазъи боду ҳаво барои ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт як андоза монеагӣ эҷод менамоянд, зеро бештари масоҳати роҳҳо дар минтақаҳои баланд аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Барои қатъ нагардидани ҳаракати ҳамарӯзаи воситаи нақлиёти сабукраву боркаш ва рафтуои сокинон масъулини бахши нигоҳдории роҳҳои ноҳия имрӯзҳо як қатор тадбирҳоро амалӣ менамоянд.
Зиёратшоҳ Акрамзода, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод, зимни суҳбат бо м зикр намуд, ки соли гузашта як қатор минтақаҳои садамавӣ таъмир ва асфалтпуш гардиданд. Ба суоли мо, ки ҳангоми ҷараёни кор чӣ гуна ба сифати он диққат дода мешавад ва то куҷо метавонанд асфалти истифодагардида ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ бошаду солҳо пойдор бимонад, ҳамсуҳбатамон посух доданд, ки сифати асфалтҳои истифодашуда ба талаботи замона пурра ҷавогӯ мебошад, зеро ҳамин навъи асфалте, ки чанд сол қабл истифод шуда буд, то ба ҳол сифати худро гум накардааст:
Дар баробари таъмиру асфалтпӯш намудани як қатор минтақаҳои садамавӣ дар ноҳия боз метавон чандин мавзеъҳоро ном, гирифт, ки сокинон аз вайрон будани он шикоят менамоянд. Аз ҷумла роҳҳои деҳаҳои Орифон, Чашмасор ҳолати нигаронкунандаро имрӯз дорост, ки барои рафтуои сокинони ноҳия мушкилӣ пеш меорад.
Зиёратшоҳ Акрамзода, роҳбари Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод атрофи ин мушкилии сокинон иброз дошт, ки аз ҳолат имрӯза воқиф аст ва тасмим гирифтаанд, ки дар соли ҷорӣ минтақаҳои мазкурро пурра асфатлпӯш намоянд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасими гирифтаанд, ки беш аз ду километр роҳои садамавиро пурра таъмир карда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуои сокинони минтақа шароити лозимаро фароҳам оваранд.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”