Дар Душанбе Форуми миллии “Рушди устувор таввасути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ” баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Реҷенси”- и шаҳри Душанбе Форуми миллии “Рушди устувор таввасути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ” баргузор гардид.

Мақсад аз он ташкил намудани муҳити бисëрҷониба барои баррасии масъалаҳои  сиëсати идоракунии рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии кишвар арзëбӣ гардид.

Дар кори он намояндагон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва шарикони молиявӣ ширкат намуданд.

Дар Форум масъалаҳои ҳукумати электронӣ, аз он ҷумла хизматрасониҳои электронии давлатӣ, идоракунии рақамӣ дар мақомот, иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати рақамӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори ҳаëтан муҳими телекомуникатсионӣ, саводнокии рақамӣ ва дастрасӣ ба интернет , инчунин усулҳои глобалӣ  ва миллии идоракунии рақамӣ муҳокима гардиданд.

Тоҷиддин Сатторзода,

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE