Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” оғоз гардид
19 сентябри соли 2024 даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” оғоз гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Меҳрангези Аслиддин -омӯзгори фанни физикаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино, Сулейманова Гулнора Санговна-омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ, Атоева Шукрона Бозоралиевна-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №16-и ноҳияи Шоҳмансур ва Ҳасанов Некбахт Қурбоналиевич-омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок менамоянд.
Тибқи тартиб қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024” аз Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун аз Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Тибқи тартиб довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос,, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.