27 СЕНТЯБР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ

Ҳамасола дар ҷаҳон 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад ва мақсад аз он нишон додани саҳми бахши сайёҳӣ дар иқтисоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди робитаҳо байни давлатҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳаммияти соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин замина танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 748,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ чун сайёҳ ворид гардидаанд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) баргузор гардид.

Ҳадафи асосии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE