Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти сатҳи баланд таҳти унвони “Об омили муттаҳидӣ” иштирок ва суханронӣ намуд
25 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти сатҳи баланд таҳти унвони “Об омили муттаҳидӣ: таъмини ояндаи муштараки дастрасӣ ба об дар шароити болоравии сатҳи баҳр ва обшавии босуръати пиряхҳо”, ки бо ибтикори кишвари мо доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корщои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Антигуа ва Барбуда Чет Грин, Миср Бадр Абдулатӣ, Индонезия Ретно Марсудӣ, Сант Лусия Алва Баптист, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Беррис Экинҷӣ, муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷунҳуа, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло, Президенти Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ, раиси “СММ-об” Алваро Ларио, фиристодаи махсуси Президенти Фаронса доир ба Саммити “Оби ягона” Барбара Помпили ва дигарон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён баргузории чорабинии зикршударо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии босураъати пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи баҳрҳо муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гашт, ки ин раванд ба ҳаёти миллионҳо нафар таъсир расонда, боиси хисороти зиёди иқтисодӣ мегардад. Чорабинии мазкур ҳамчун марҳалаи муҳими раванди омодагӣ ба Конфронси байналимилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе дар назар аст, муҳим дониста шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ширкаткунандагон зарурати андешидани табдирҳоро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши баландшавии сатҳи уқёнус, ҷамъоварӣ ва коркарди додаҳо, таҳвили технологияи муосир барои мониторинг, татбиқи чораҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани воситаҳои молиявӣ ҷиҳати дастгирии кишварҳои ниёзманд аз ҷониби кишварҳову созмонҳои шарик таъкид карданд.