Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷ» оғоз бахшиданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷ”-ро ба истифода доданд.
Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то 2 тонна шир коркард ва 11 номгӯйи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, йогурт ва кефир истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо кор таъмин шудааст ва ояндаи наздик бо боло рафтани иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Технология аз Русияву Чин ворид карда шуда, корхона имкон дорад, ки дар як сол то 700 тонна ширро коркард намояд.
Дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҷой барои қабули шир аз чорвои аҳолӣ ташкил карда шуда, баъди санҷидани сифат он коркард карда мешавад. Таъсиси корхона дар баробари пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор, ҳамзамон тавассути истифодаи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон ба рушди чорводорӣ ва аз ин ҳисоб ба даст овардани даромади иловагӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар анбори корхона мувофиқ ба талабот барои нигоҳдории 4 тонна маҳсулот шароит мавҷуд аст.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз намудҳои гуногуни маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда муарифӣ карда шуд, ки натиҷаи татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон мебошад.
Тибқи маълумот давоми 8 моҳи соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар вилоят 2,5 маротиба зиёд шудааст.
Иншооти нави истеҳсолӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – “Саноатикунонии босуръати кишвар” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулпарӣ Қурбонназарова сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаи нави саноатиро барои қонеъ гардонидани талаботи бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маҳсулоти ширӣ, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кор ва рушди иқтисодии шаҳри Хоруғ муҳим арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба омӯзиши талаботи бозори истеъмолӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаю таҳкими фаъолият ҷалб намуданд.