РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим баргузор шуд
Имрӯз дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим баргузор гардид.
Ин сеюмин Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим ба шумор меравад, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ҳадафи баргузории форум суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об то соли 2030 маҳсуб мешавад.
Изҳор карда шуд, ки Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим барои ҷавонон майдоне фароҳам меорад, то онҳо дар баҳсу ташаббусҳо барои ҳалли масъалаҳои об ва иқлим иштирок намоянд.
Дар ҳамоиш «Баррасии амали ҷавонон — Уҳдадориҳо ба амал» барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла марбут ба ҷалби ҷавонон аз ҷониби давлатҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷараёни Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 тарҳрезӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дар кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.