Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2021» эълон гардид

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2021» эълон менамояд.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни «Донишҷӯи сол-2021» бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва маърифатнокии донишҷӯён роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.

Озмун дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад.

Дархостҳо барои иштирок дар даври ниҳоии озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 апрели соли 2021 қабул карда мешаванд.

Ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май қадрдонӣ мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE