ДАР ДУШАНБЕ ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ СИЁСИЮ ИҚТИСОДӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АМЕРИКА БАРРАСӢ ГАРДИД
Дирӯз – 3 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва дигар абзорҳои иртиботӣ табодули афкор намуданд.
Идомаи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) муҳим дониста шуд.