Н. Ғаффорӣ: ДДОТ бо 75 муассисаи олии кишварҳои хориҷӣ робитаҳои байналмиллалиро ба роҳ мондааст

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо 75 муассисаи олии кишварҳои хориҷии дуру наздик робитаҳои байналмиллалиро ба роҳ мондааст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо таҳсилу омӯзиши донишҷӯёну омӯзгорони тоҷик дар хориҷ ва хориҷиён дар кишвари мо роҳандозӣ мегардад.

Ректори донишгоҳи мазкур Нуъмонҷон Ғаффорӣ бо зикри ин нукта дар нишасти хабарии ин ниҳоди зери сарвариаш таъкид дошт, ки дар соли 2020 новобаста аз пандемияи коронавирус ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн, татбиқиқи лоиҳаҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷуён бо 4 донишгоҳи хориҷӣ шартномаи нав ба имзо расонида шуд.

“Дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалии донишгоҳ ҳамчунин дар соли сипаригардида, аз ҷониби сафорати ИМА дар назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ маркази захиравӣ ифтитоҳ гардид, ки ин барои тақвияти донишомӯзии донишҷӯён ва бо усулҳои навтарин ба таълим фаро гирифтани онҳо замина фароҳам меорад”, – гуфт Нуъмонҷон Усмонзода, ректори донишгоҳи мазкур.

Дар баробари ин дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ таҳсили илм менамоянд. Ба таъкиди ректори донишгоҳ ба хотири рафъи мушкилоти ин дониҷӯён ва таъмини онҳо бо ҷои зисту шароити хуб дар давраи пандемияи Ковид – 19 низ масъулин тадбирҳои махсус андешиданд.

Ҳамчунин, ба изҳори сарвари ДДОТ ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, умед аст, ки нақшаҳои дар соли гузашта татбиқнашуда соли ҷорӣ амалӣ мегарданд ва ба ин васила базаи моддиву техникӣ ва илмию методии донишгоҳ боз ҳам пурқувваттар хоҳад шуд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE