Душанбе: Намояндагони муассисаҳои табъу нашр машварат доир карданд
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода бо роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои соҳаи табъу нашри шаҳри Душанбе машварати корӣ доир гардид.
Дар машварат масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» аз тарафи ташкилотҳои табъу нашр ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолияти полиграфӣ, нашриётӣ, матбуоти даврӣ ва савдои китоб машғуланд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки барои рушди босуботи соҳаи табъу нашри мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва ҳамкории зичи муассисаҳо бо мақоми ваколатдори соҳа, яъне Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Зеро дар асри ҷаҳонишавӣ таҳоҷуми фарҳангию иттилоотии абарқудратҳо ва доираҳои манфиатдори байналмилаӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ, пахши ахбори ғалат ва муғризона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои хабарии интернетӣ бо ҳадафи эҷоди ноамнӣ ва ихтилол дар ҷомеа кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро таҳдид мекунад. Таъкид гардид, ки ин вазъият аз кормандони соҳаи табъу нашр масъулиятҳои баланди ватандорӣ, миллӣ, касбӣ ва зиракию ҳушмандиии сиёсиро тақозо мекунад.
Ҳамчунин, дар машварат масъалаҳои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи муаллифон, ҳамкорӣ дар самти воридсозии тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои соҳавӣ, пешниҳоди саривақтии ҳисоботи муассисаҳо ҷиҳати таҳлили воқеии вазъи соҳа, сатҳу сифати нашри китобҳо, мувофиқа намудани китобҳо қабл аз нашр бо ниҳодҳои масъул ва мутахассисони соҳа, риояи фасоҳат ва салосати забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ дар номгузории муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва моликиятшон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки дар оянда низ бо ҳадафи рафъи камбудию нуқсонҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботи соҳаи табъу нашр дар пойтахт ва маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ чунин чорабиниҳо баргузор мегарданд.