Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Индонезия ва оғози расмии фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии бардавом ва комёбиҳо дар роҳи татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати рушди беш аз пеши Индонезияи дӯст, ба мардуми кишваратон сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.

Мо ба дурнамои робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон назари некбинона дорем.

Омодаем, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пайгирона саъйю талош варзем. Ба ин манзур аҳаммияти идомаи муколамаи созандаи байнидавлатиамонро дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид карданиам.

Бовар дорам, ки  мулоқотҳои мо дар оянда боз як қадами устувори ҷонибҳо дар самти баҳрабардории бештар аз имкониятҳои фарохи ҳамкории дуҷонибаи кишварҳоямон хоҳанд шуд».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE