Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент дар Колеҷи тиббии шаҳри Турсунзода
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Колеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Президент ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷотбахши миллат” чорабинии илмӣ назарявӣ баргузор гардид. Дар кори он роҳбарияти колеҷи мазкур, устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар оғоз аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ва бунёди давлати орому осуда аз ҷониби абармарди миллату давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда шуд. Пасон баҳри ҳозир навор аз ҳодисаҳои сангини таърихӣ то гулгулшукуфиҳои Тоҷикистони маҳбубамон ва заҳматҳои Пешвои миллат ба намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон шеърҳо дар васфи Президент, Пешвои миллат, ва ватану ватандорӣ қироат гардид.Дар фарҷом қисмати фарҳангӣ баргузор шуд.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе