Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Садокат ба Президент- садокат ба Ватан” ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Ҳамоиш, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон, ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва кормандони сохторхои мақомоти иҷроияи чор ноҳияи пойтахт, ширкат намуданд. Нахуст Зариф Ализода – ëрдамчии Президенти кишвар оид ба масоили ҳуқуқӣ дар баромадаш бо ëдовари аз муҳимияти идораи президентӣ дар ҳаёти сиëсии Тоҷикистон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунëди давлатории миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ ва рушду пешрафти тамоми арсаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол барҷаста маънидод намуд. Сипас дар ҳамоиши тантанави Ч.Табарзода – муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар баромадаш ҳозиринро аз номи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик гуфта, Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи халқи тоҷик, санаи фархунда ва эҳёгари давлатории навини Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар ҳамоиши тантанавӣ ҳамзамон дигар ходимони давлатӣ шоиру нависандагон бо маърузаҳо баромад намуда, китоби корнамоиҳои Пешвои миллатро бори дигар саҳифагардонӣ карда, онро барои насли наврасу чавон ва дар умум тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи омӯзишу пайравӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз он қаламдод намуданд. Дар анҷом барномаи консертии аҳли ҳунар пойтахт ба ҳамоиши тантанавии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳу тароватӣ дигар бахшид.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе