Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли дучарха ва намудҳои дигари бозичаҳои кӯдаконаи ҶДММ «Адл» дар Истаравшан

17 ноябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» ба истифода супорида шуд. 

Коргоҳи мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини коргоҳи истеҳсолӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 метри мураббаъ буда, бо истифода аз ашёи хоми баландсифат, дар он 5 намуд дучарха барои калонсолон ва кӯдакон истеҳсол карда мешавад.

Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳи мазкур аз кишварҳои пешрафта дастрас ва насб гардида, ҳаҷми истеҳсолот бо сифати баланд афзун мегардад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат бо фаъолияти коргоҳи коркарди оҳан, кафшергарӣ, рангубор ва бандубасти дучархаҳо шинос шуданд.

Дар коргоҳи мазкур мутахассисону коргарон ҳамарӯза фаъолият намуда, солона беш аз 10 ҳазор дучарха истеҳсол менамоянд.  

Бо назардошти ин таъмини бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот ҳадафи аслии роҳбарияти ҷамъият ба шумор рафта, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло намудҳои гуногуни маҳсулоти корхона бо тамғаи «Адл» ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон интиқол меёбад.    

Ҳама гуна маҳсулоти корхона ҷавобгӯйи стандарти байналмилалӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуда, шумораи умумии кормандони корхона ба зиёда аз 120 нафар расид.

Ҳамзамон дар ин корхона барои ҳавасмандгардонии кормандон ва ҷалби онҳо ба меҳнати содиқонаву софдилона тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои рафту омадашон воситаи нақлиёти хизматӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат номгӯйи зиёди маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ «Адл» муаррифӣ карда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти корхона баҳои баланд дода, ба масъулон баҳри истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, нигоҳ доштани сифати баланди маҳсулот ва таъмини ҷойҳои корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE