Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
23 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аъзои Кумитаи Сенати ИМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ Стив Дейнс мулоқот кард. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба зарурати татбиқи зарфияти мавҷуда ва имконияти нав дар ҷодаи тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат табодули назари судманд анҷом доданд.
Бахусус мавзуъҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, рушди ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасии мусоҳибон қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон