ЛИВОИ МУҚАДДАС
Дар таърихи башарият парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчамдорӣ барои аҷдоди мо, ҳанӯз аз замони Сосониён, баъд аз он ки Коваи оҳангар пешдомани чармиашро байрақ карда, ба муқобили душманон ҷанг эълон кард, расм гардид. Дар маъхазҳо гоҳе парчам ва гоҳе вожаҳои байрақ ва ливоро низ пайдо кардан мумкин аст.
Агарчи дар аксари сарчашмаҳо таърихи парчамдории мо тоҷиконро ба ҳазораи саввуми пеш аз милод медонанд, аммо таърихшиносон давраҳои хеле бостонро ба айёми парчамдории тоҷикон унвон медиҳад ва мегуяд, парчам ҳануз дар умқи таърих азиз буд.
Мардуми ориёиасл яке аз поягузорони тамаддуни башаранд ва давоми ҳазорсолаҳо даҳҳо давлатҳои бузургу тавоноро барпо кардаанд. Онҳо дорои пойтахтҳои бошукӯҳу зебо, парчам, тахт, тоҷ, мӯҳр, сиккаҳои заррину симин ва сипоҳи тавоно буданд.
Дар асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ-«Шоҳнома», ки намунаи барҷастаи осори ватандӯстӣ ва тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи Коваи оҳангар бар муқобили Заҳҳоки хунхор достоне оварда шудааст.
Гуфта мешавад, Коваи оҳангар алайҳи бедодгариҳои Заҳҳоки морон пешбанди корияшро сари найзае афрохта, дар зери он мардумро ба мубориза даъват мекард. Фирдавсии бузургвор аз дирафши коваёнӣ ва муборизаи Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки моронро тасвир кардааст.
«Чун он пуст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке аз тар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Фурӯ ҳишт, з-ӯ сурху зарду бунафш
Ҳаме хондаш Коваёнӣ дирафш!
Давлатҳои муосири ҷаҳон дорои нишон, парчам ва суруди миллианд. Ин анъана замони ташаккули аввалин давлатҳои шарқи бостон пайдо ва давоми асрҳо густариш ёфта, то ба даврони мо омада расид. Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат аст.
Тоҷикистон аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1991 марҳилаи нави эҳёи давлати миллиро аз сар гузаронид. Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия, инчунин кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон сар шуд. Чун рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати моҳияти мазмун ва шакли худ мувофиқат намекарданд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул кард. Комиссияи махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ ташкил карда шуд.
Барои таҳия ва тасвири Парчам озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид. Баъди ҷамъбасти озмун, дар Иҷлосияи таърихии XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид. 24 ноябри соли 1992 бо даровардани тағйирот ба Конститутсия Низомномаи Парчами давлатӣ низ тасдиқ карда шуд ва дар хамин сана яъне 24-уми ноябри соли 1994 Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бори нахуст Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти давлати мо 24 ноябри соли 2009 таҷлил шуд. Ин парчам бо ҳузури зебо, ҳузури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифоъи Ватанамон ҳамеша бо ҳама вуҷуд омода бошем. Ин Парчам намегузорад, ки мо лаҳзае бе масъулият бошем, фориғбол гардем, намегузорад шарафи ватанамонро аз ёд бубарем. Ана барои ҳамин ин Парчам ҳамеша болост, аз ҳама ҷо падидор аст, то мо ҳамеша онро болои сари худ парафшон бубинем.
Парчами давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст… Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст. Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мост. Парчаме, ки баланд аст ва сари моро ҳамеша баланд медорад. Парчаме, ки ба мо неру, шукӯҳ ва ифтихори ватандорӣ мебахшад.
Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозааш бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл тибқи Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, инъикос ёфта буд. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд.
Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифта, роҳамонро ба сӯи Ваҳдати миллӣ равшан сохтаанд.
Ҳар давлати соҳибистиқлол муқаддасоти худро дорад. Рамзҳои давлатии мо низ муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварамонро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, ватанпарастӣ тарбия менамояд.
Мутобиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида, ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз дошта буданд: «Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам нишон ва суруди миллӣ рамзҳои муқадас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошад. Мо бо парчами давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор менамоем ва он барои ҳар як фарди ватандусту ватанпараст муқаддас аст. Дуруст аст, рӯзи 24 ноябр-Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад».
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, рӯи сурху сарсабзиву хуррамии Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
Сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”