Ба як гурӯҳи маъюбон аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид👨🦼
🧑🦯Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии маъюбон” Форуми байналмилалӣ: Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Қабл аз оғози форум намоиши дастовардҳои ин табақаи ҷомеа ташкил карда шуд, ки аз он Давлатзода З.Д сардои раëсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва дигар меҳмонон дидан намуданд. Ҳамзамон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳи маъюбон аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе