Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид

Ҳамасола дар кишвар 30 сентябр ҳамчун рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ баргузор мегардад. Бо ин муносибат  имрӯз дар Муассисаи давлатии  Китобхонаи милли Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Мавлоно -муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо” бахшида  ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар кори конфронс муҳаққиқон, коршиносон, роҳбарону кормандони мақомотҳои маҳаллӣ ва намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Олмон, Эрон Ҳиндустон, Индонезия ва Туркия иштирок намуданд.  Дар ин бора ҳамкорамон  Тоҷиддин Сатторзода аз  рафти баргузории конфронси мазкур иттилоъ медиҳад.

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE