Муқовимат ба коррупсия омили рушди фардои босаодат аст
4 декабр дар доираи чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионие, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандону донишҷӯён доир менамоянд, дар ин донишгоҳ машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни машварат гуфта шуд, ки коррупсия амали номатлуби ниҳоят хатарноки ҷомеа буда, дар пешрафти давлат хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди ҷомеа дар пешгирии ин амали номатлуб саҳм гузорад.
Зимни ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ» маъруза карда шуд. Нахуст мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои номатлуби ин амал шарҳ дода шуда, баъдан дар бораи зарурати муборизаи дастҷамъона бо он, қабули санадҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ташкили ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навъҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноие, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, ба ҳозирин маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ба роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, даст назадан ба чунин кирдорҳои номатлуб ва амал кардан дар доираи қонун даъват шуданд.
Иброз гардид, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди таълим технологияҳои рақамӣ ва инноватсионии таълимӣ амалӣ мегарданд.
Дар ин самт шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳ фаъол буда, чорабиниҳои муқовимат бар зидди коррупсия ва нашри видеороликҳои тарғиботӣ пайваста инъикос мегарданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон