Аввалин бохти мунтахаби наврасони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА

Дар бозии якуми Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ ба майдон баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров як голро ба нишон расонид.

Тибқи низомномаи мусобиқот, дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11- метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.

Дар даври дувуми Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) 5 май бо дастаи Гондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 5:4

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

19:00 – Косово – Гондурас

Даври 2

5 май (панҷшанбе)

19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3-юм

8 май (якшанбе)

14:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово

Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE