Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
5 декабр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди тафаккури шаҳрвандон ва нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ сухан намуданд.
Иброз гардид, ки соли 2024 дар ҳаёти иҷтимоии ҳизбиён ҳамчун соли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ифода гардида, барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли таърихӣ ва муаррифии дастовардҳо мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст, тавонис, дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзую ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад. Дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, байни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ бобати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои солҳои оянда низ барои таъмини истиклолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Дар фарҷом ба як зумра ташкилоти ҳизбӣ, ки дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб саҳм гузоштаанд, туҳфаҳо, Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим гардид.
АКС: АМИТ «Ховар