Форуми соҳибкории Тоҷикистону Хорватия баргузор гардид

Имрӯз  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Хорватия таҳти роҳбарии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Гордан Грлич-Радман баргузор гардид.

Инчунин, дар Форум намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Хорватия иштирок намуда, аз ҳарду ҷониб рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод карда шуд.

Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

Форум барои табодули таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард. Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия мусоидат хоҳад кард. Пас аз қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷониба дар формати “Давлат бо соҳибкор” (G2B) ва соҳибкорони ду кишвар дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардид.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE