Дар пойтахт барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Озмуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Довталабони стипендия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:

— ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат, Созандагони Ватан ва ғайра) аъзо бошанд;

— бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намоянд;

— дастовардҳои илмиву эҷодиашон дар ВАО нашр шуда бошанд.

— фаъолияти эҷодкорӣ ва дастоварди назаррас, аз қабили мақола(ҳо)-и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошанд;

— дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намоянд;

— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд;

— рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир бо назардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ);

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияро доранд, ҳуҷҷатҳои худро то 17 марти соли 2023, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо ва рӯйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул карда мешавад.

Телефонҳо барои маълумот:

— 2217283,936881122, 900603031, шаҳри Душанбе

— 2331576, 988999819, ноҳияи Фирдавсӣ

— 2277963, 909038787, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 2270134, 905221195, ноҳияи Шоҳмансур

— 902900902, 985199377, ноҳияи Сино

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE