Агентии беҳдошт: ба хотири рӯёнидани қарзҳоямон аз хоҷагидорон ба суду прокуратура муроҷиат кардем
Дар соли сипаригардида дар асоси дархости истифодабарандагони об аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ дар ҳаҷми 4 миллллиарду 109 милион муккааб, ба андозаи 78 милион сомонӣ об расонида шудааст, ки нисбат ба соли муқоисавӣ барзиёд будааст. Масъулин сари вақт пардохт нагардидани хизматрасониҳоро дар ин самт аз мушкилоти рӯзмараи соҳа арзёбӣ мекунанд.
Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар уҳдадориҳои худро дар самти обрасонӣ дар назди истифодабарадагон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ сари вақт ба иҷро расонида бошанд ҳам, сари вақт бо ҳаҷми пурра пардохт карда нашудани ҳаққи истифодаи об, боиси афзоиш ёфтани қарзҳо аз ин ҳисоб гардидааст, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ.
Дар ин давра истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро ба маблағи 68, 5 миллион сомонӣ ё 88 дарсад арзиши оби додашударо пардохт намудаанд, ки нисбат ба соли 2019 2, 27 милион сомонӣ зиёдтар будааст, – гуфт Холмурод Раҳмон.
Ҳамзамон, дар соли гузашта қарзҳои дибедиторӣ 186 миллион сомонӣ ва кредиторӣ 398 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 23 миллион сомониро ташкил додааст. Холмурод Раҳмон мегӯяд, ба хотири расидагӣ ба ин қарзҳои сол аз сол афзоянда Агентӣ маҷбур шудааст ба мақомоти прокуратура ва суд муроҷиат намояд. Номбурда бемасъулиятии бархе аз хоҷагидоронро омили аслии қарзҳои ҷорӣ арзёбӣ намуд.
Ба маълумоти масъулини Агентии бехдошти замин имрӯз 52 фоизи заминҳо дар кишвар ба василаи пойгоҳҳои обкашӣ таъмин мегарданд. Масъулин паст будани ҳаққи хизматрасонии об ба хоҷагиҳо ва боло будани арзиши нерӯи барқро аз масъалаҳои муҳим дар самти боло рафтани қарзҳои Агентӣ маънидод кард. Ба гуфтаи директори Агентӣ имрӯз ниҳоди таҳти сарвариаш дар назди ШСХК “Барқи Тоҷик” беш аз 280 миллион сомонӣ қарздор аст, ки аз ин ҳисоб 77 милиони он аз солҳои қаблӣ мондааст.
Расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар вобаста аст. Ба ин хотир масъулини Агентии мазкур тасмим гирифтаанд, фаъолияти худро дар соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ироагардида ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону аҳолӣ ва кумитаву идораҳо дар таъмини саривақтии заминҳои кишт бо оби полезӣ саҳми назаррас гузоранд.
Тоҷиддин САТТОРЗОДА,
“Садои Душанбе”