СУТ: Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 854 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 854 ҳазор афзоиш ёфта, аз 156,69 миллион гузашт. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ додааст.

Ба ҳолати соати 09:00 (ба вақти Душанбе)-и 7 май, ба СУТ дар бораи 156 696 833 сироятшуда ва 3 269 661 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 854 667 нафар ва фавтидагон 14 021 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 33 369 192. Баъд аз он Ҳиндустон (21 485 285), Бразилия (15 009 023), Франсия (5 728 090), Туркия (4 977 982), Россия (4 855 128), Британияи Кабир (4 428 553), Италия (4 082 198), Испания (3 559 222), Германия (3 486 462), Аргентина (3 095 582) ва Колумбия (2 951 101) қарор доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE