Аввалин бохти Сумая Қосимова дар Чемпионати ҷаҳони бокс
Сумая Қосимова муштзани тоҷик дирӯз зери вазни то 48 кг муқобили муштзани булғористон Севда Асенова дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Туркия ҷараён дорад, нерӯсанҷӣ кард. Рақобати муштзанон дар даври 1/32 ниҳоӣ оғоз шуда, 3 раунд идома кард. Дар ин рақобат муштзани мо аз ҳариф дида, камтар кор кард ва бо қарори якдилии доварон имтиёзи камтарро соҳиб шуду аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Севда Асенова ба марҳилаи 1/16 ниҳоӣ роҳашро ҳамвор кард.
Мусобиқа аз 6-ум то 21 –уми май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар – Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.