Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар гузаргоҳи марзӣ
Мулоқоти Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адилбек Касималиев Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Абдулло Орипов раиси Ҳукумати Узбекистон рӯзи 7-уми январ дар марзи се кишвар баргузор шуд. Тибқи иттилоъ музокирот дар манотиқи марзӣ – вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Бодканди Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистон сурат гирифтааст. Ин нишаст дар чаҳорчӯби иҷрои тавофуқоти қаблан ҳосилшуда дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзҳои давлатӣ миёни кишварҳо ҷараён гирифта, изҳори итминон карданд, ки ин мулоқот “Сарнавишти минтақаро барои даҳсолаҳои оянда ба манфиати саодати халқҳо ва кишварҳо муайян хоҳад кард”.