Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири давлатии корҳои хориҷии Покистон

13 апрели соли 2023 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 4-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон  мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон хонум Ҳина Раббонӣ Кхар баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE