Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиёнро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Дар доираи сафар баргузории Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.