КӮЛОБ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДАВЛАТ НАЗАР»
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон аз ҷараёни нашъунамои пахтаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии «Давлат Назар»-и шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Давлат Назар” дар майдони умумии 67,59 гектар ташкил ёфта, ҳамаи он заминҳои корами обӣ мебошанд. Дар мавсими кишти имсола дар хоҷагӣ зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта дар 22 гектар, гандум дар 37,29 гектар, ҷав дар 2 гектар, ҷавдон дар 2 гектар ва сабзавот дар 1,3 гектар кишт карда шудаанд.Нашъунамои хуби пахта, ки дар зери плёнка парвариш ёфтааст, нишон медиҳад, ки истифодаи технологияи муосир метавонад ҳосилнокиро афзоиш дода, дар шароити иқлими минтақа натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон