95 солагии Радиои Тоҷикистон муборак!
Аввалин маротиба 10 апрели соли 1930 садои Радиои Тоҷикистон бо ибораи «Диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон ва Театри ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе дар фазои пойтахти Тоҷикистон паҳн гардида буд. Радиои мазкур то имрӯз миёни шунавандаҳои худ маҳбубияти ба худ хос дорад.
Барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар самтҳои радио ба дили мардум ҷо гирифта, вазъи кунунии кишварро инъикос мекунад. Дар ҳамбастагӣ бо Радиои Тоҷикистон имрӯз он боз се шабакаи дигарро низ дар бар мегиранд, ки инҳо шабакаҳои Садои Душанбе, Фарҳанг ва Овози тоҷик аст, ки ҳар яке самтҳои гуногуни худро доро аст.
Имрӯз боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки дар фазои сулҳу оромии кишвар Радиои Тоҷикистон тули ин солҳо бо фаъолият назарраси хеш набзи миллати тоҷикро рӯи мавҷ меорад ва имрӯз бошад 10 апрел аз таъсиси он 95 сол пур гардид.
Мо кормандони эҷодиву техникии Радиои Садои Душанбе ҳамаи кормандони Радиои Тоҷикистонро бо 95-умин солгарди таъсисёбӣ табрику таҳният мегуем. Бигзор ҳазорсолаҳо ин радиои дӯстдоштани дар фазои Тоҷикистони биҳиштосо танинандоз бошад.
Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе